Аз нишастҳои матбуотӣ

Сохтмону навсозии 216 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

№№ 97 (4517) 05.08.2022

10- Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ идома доранд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда бояд 216 иншооти таъиноти гуногун сохта шавад, — изҳор дошт Гулзода Зафар, раиси ноҳия 29 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 — 2025» қабул шудааст, ки он 121 лоиҳаро ба маблағи 361,8 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Дар ин давра 15 лоиҳа пурра иҷро гардида, дар 22 лоиҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 58 миллиону 275 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Айни замон дар ноҳия 30055 сар чорвои калони шохдор, 77 ҳазору 790 моли майда, 44 ҳазору 771 паранда, 2872 сар асп ва 3571 оилаи занбӯри асал парвариш мешавад.

Айни замон дар Ҷамоати деҳоти «Чагам»-и ноҳия корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори 100 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 70 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иҷрои нақшаи андоз, бе назардошти андози иҷтимоӣ 150 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9 миллиону 68 ҳазору 464 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3 миллиону 19 ҳазору 824 сомонӣ зиёд мебошад.

- Аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ба буҷети ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 21 миллиону 151 ҳазору 760 сомонӣ субвенсия ворид гардид. Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад, — гуфт раиси ноҳия Гулзода Зафар.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»