Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2017 10543 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монд

№16 (3810) 06.02.2018

DSC_3618Дуюми феврали соли равон нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он натиҷаи фаъолияти солона баррасӣ шуд. Раиси кумита Қурбон Ҳакимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта баҳисобгирии давлатии масоҳати замин, назорати давлатии он, заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, баҳодиҳии замин, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, корҳои топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад амалӣ карда шуд. Бино ба гуфти ӯ, соли 2017-ум 10543 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монд, ки аз он 8823 гектараш корами обӣ мебошад.

- Айни замон дар ҷумҳурӣ 21508 гектар замини корами обӣ, бинобар кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ ва аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ, ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, 23598 гектар замин бинобар нарасидани об бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати кишвар дар давраҳои муайян ба заминҳои партов гузаронида шудаанд, — зикр кард Қ. Ҳакимзода.

Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин афзуд, ки дар натиҷаи чораандешӣ соли сипаригардида дар 1707 гектар замини партов, аз ҷумла 1651 гектар обӣ, кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Аз 29692,53 гектар замине, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010 ба эҳтиёҷмандон чун замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, 20341,99 га тақсим шудааст, ки 69 дарсадро ташкил медиҳад.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»