- Дар «Соли ҷавонон» 12 олиму муҳаққиқ сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, 30 нафар сазовори ҷоизаи Кумитаи ҷавонон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозӣ, 300 хонандаву донишҷӯ сазовори стипендияи президентӣ, 200 нафар сазовори стипендияи раиси шаҳри Душанбе гардиданд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода.
- Дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор 189 курси омӯзишии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва компютерӣ бо фарогирии 19609 нафар ташкил карда шуд, — гуфт ӯ.
Инчунин, соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 296 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 5 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ, 259 майдончаи варзишӣ, се ҳавзи шиноварӣ ва як маркази фитнес бо маблағи 174688950 сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 122 526 800 сомонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 52 162 100 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.
Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»