Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2022-юм 67 ҳазору 569 нафар донишҷӯ шуданд

№23 (4606) 10.02.2023

DSC_3651Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соли 2022 дар ду марҳила-асосӣ ва иловагӣ ба роҳ монда шуд.

Шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 82 ҳазору 187 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 9 ҳазору 344 нафар кам мебошад. Теъдоди довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ бошад, ба 13 ҳазору 282 нафар расид, ки нисбат ба соли гузашта 1036 нафар зиёд аст. Дар ин бора шашуми феврали соли равон директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Барои иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ масъулини Маркази миллии тестӣ се озмун — тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии довталабонро ба роҳ монданд. Дар натиҷа, аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 59 ҳазору 757 нафар ва аз довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ 7 ҳазору 812 нафар донишҷӯ гардиданд.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»