Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2023 ду шаҳраки нав таъсис ёфтааст

№17 (4757) 05.02.2024

SHarif-on-umazoda-4Соли 2023 бо пешниҳоди Кумитаи рушди маҳал 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани шаҳрак, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини навбунёд, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Левакант, Тоҷикобод, Восеъ, Зафаробод ба тасвиб расида, дар асоси он 2 шаҳрак таъсис ёфта, номи 2 деҳот ва 12 деҳа иваз шуд.

Ҳамчунин, як маҳали аҳолинишини навбунёд ба категорияи деҳа мансуб дониста шудааст. Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода дуюми феврал зимни нишасти матбуотӣ баён кард.

- Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи банди 85 нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми январи соли 2020 таҳти №АП-1325 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр гардидаанд, барои дар давоми 10 сол дар ҳар деҳа ва маҳали аҳолинишине, ки 100 хоҷагӣ зиёд доранд, бунёд кардани муассисаи томактабӣ, толор ва майдончаи варзиширо барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, дар давоми 3 соли охир рафти иҷрои онро мавриди таҳлил қарор додааст. То 1-уми декабри соли 2023 дар ҷумҳурӣ 104 муассисаи томактабӣ, 276 толор ва 897 майдончаи варзиш бунёд гардидааст, — зикр кард номбурда.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»