Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд

№16 (4436) 05.02.2022

CTX_608431 январи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Онро вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода ифтитоҳ карда, сипас муовини вазир Нигина Анварӣ роҷеъ ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар соли 2021 маълумот дод.

Зикр гардид, ки соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 39,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ҳаҷми умумии маҳсулоти рус­танипарварӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулоти чорводорӣ ба 11 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1586,5 ҳазор тонна, пахта — 388,8, картошка — 1041, сабзавот — 2597,5, полезӣ — 818,8, мевагиҳо — 444,4, ангур — 267,5, гӯшт — 327,8, шир — 1042,6, пашм — 8,1, асал 4,4 ҳазор тонна, моҳӣ 4389 тонна, пилла 451 тонна ва истеҳсоли тухм 1053,4 млн. дона баробар гардид.

Соли сипаришуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 36 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба як соли пеш аз рӯи ҳаҷм 79 ҳазор тонна зиёд мебошад, — гуфт муовини вазир ва афзуд: — Зиёдшавии содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби пиёз 6 ҳазор тонна, меваи хушк — 25,5, меваҷоти тару тоза ва ангур 43,3 ҳазор тонна мебошад.

Роҷеъ ба кишти такрорӣ иттилоъ дода шуд, ки барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2 — 3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 105333 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли пешин 3369 гектар зиёд аст.

Зимни саволу ҷавобҳо хабарнигорон аз масъулон сабаб­ҳои болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи заминҳои обӣ дар баъзе аз минтақаҳои кишвар, қиматшавии нуриҳои минералӣ ва ғайраро пурсон шуданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»