- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020-ум 213 ҳодиса ва ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки аз он 25 ҳодиса офати табиӣ буда, дар натиҷа, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расид, — гуфт 11 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.
Бино ба гуфти ӯ, дар натиҷаи офати табиӣ соли сипаришуда ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд (бар асари лағзиши тарма ду нафар (дар ноҳияи Рашт), омадани сел — 4 кас (дар ноҳияҳои Хуросон, Мастчоҳ, Деваштич) ва раъду барқ — 2 нафар (ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Панҷакент). Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 107 нафар ба ҳалокат расиданд, ки хурдтаринашон 4 — сола буд. Дар ин давра 55 шахс аз ғарқшавӣ аз тарафи имдодгарон наҷот ёфтанд.
- Яке аз самтҳои муҳими фаъолият наҷотбахшӣ мебошад. Соли гузашта наҷотдиҳандагони кумита ба 781 даъвати фаврӣ посух доданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 19,7 фоиз зиёдтар буд. Дар натиҷа ҷони 216 нафар аз хатар наҷот дода шуд, — иброз дошт раиси кумита.
Рустам Назарзода, ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин давра корҳои гуногун, аз қабили кушодани дарҳои оҳанӣ — 218, буридани дарахтоне, ки ба ҷони одамон хатар доштанд — 60, бартарафсозии паёмадҳои садамаҳои нақлиёт — 38, роҳандозии сохтмониву техникӣ — 60, бартарафсозии паёмади сӯхтор — 16, корҳои ҷустуҷӯҳои рӯиобиву зериобӣ — 148, бартарафсозии оқибатҳои тарма — 6, паёмадҳои ярч — 1, бартарафсозии оқибатҳои сел — 3, кашидани об аз таҳхонаҳо — 25, кушодани дари лифтҳо — 9 ва амалиёти дигар — 95 ҳолат иҷро шуданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»