Соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт 102,7 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 105 миллиону 161 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2 млн. 751 ҳазор сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 18 миллиону 841 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Заррина Идизода дар нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфти ӯ, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар давоми панҷ соли оянда барои рушди мамлакат гузошташуда, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ шумораи иншооти бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда 275 адад муайян шудааст.
Аз шумораи зикргардида солҳои 2022-2023-юм 125 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 45 фоизи нақша аст. Аз ин теъдод 96 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, 6 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, 5 иншоот бо саҳми якҷояи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинон, 17 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд ва 1 иншоот аз ҳисоби ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ бунёд гардид.
Маблағи корҳои сохтмонии иҷрошуда 59 миллиону 28 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 27 миллиону 598 ҳазор сомонӣ (88 фоиз) зиёд мебошад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»