Аз нишастҳои матбуотӣ

«Сомон эйр» ду ҳавопаймои навро ба номи бузургон гузошт

№19-20 (4602-4603) 03.02.2023

DSC_3142Соли 2022 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба 3 миллиону 137 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба соли 2021 — ум 1,9 маротиба зиёд мебошад. Ин нуктаро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки якуми феврали соли равон баргузор гардид, зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, аз ин теъдод ҳиссаи асосӣ ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  55,3 дарсад, ҶСК фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд — 29, Кӯлоб — 10,7 ва Бохтар 5 дарсад рост меояд.

Зикр гардид, ки ҶСК «Тоҷик Эйр» бинобар надош­тани ҳавопаймои коршоям аз якуми сентябри соли 2020 фаъолият накарда, соли 2022 танҳо парвозҳои махсуси литер «А»-ро бо чархболҳои МИ-8 АМТ ва МИ-172 аҷом додааст.

- ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» соли 2022 тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии байналмилалӣ ва маҳаллӣ 546,9 ҳазор мусофирро интиқол дод, ки нисбат ба соли 2021- ум 39,9 дарсад зиёд мебошад. Ширкат парвозҳои мунтазам ва транзитиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ­Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, ҷумҳуриҳои Ӯзбекис­тон, Қазоқис­тон, Ҳиндус­тон, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дар хатсайри маҳаллии Душанбе — Хуҷанд — Душанбе иҷро намуд, — изҳор дошт номбурда.

Ширкат моҳи сентябри соли гузашта бо мақсади ғанӣ намудани парки ҳавопаймоӣ ду ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800»-ро тариқи лизинги амалиётӣ харид, ки ба зиёд шудани парвозҳо ва иҷрои саривақтии парвозҳои таъинотӣ имкон медиҳад. Ҳавопаймоҳои нав ба номи Мирзо Турсунзода ва Нусратулло Махсум гузошта шуд.

Дилшод Сафарзода доир ба фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» низ маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, соли гузашта корхона ба 69,1 ҳазор ҳавопаймо хизмат расонид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 62,8 дарсад зиёд мебошад. Теъдоди парвозҳои транзитӣ 2,3 маротиба афзоиш ёфта, ба 13,3 ҳазор расид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»