Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ 29 июли соли равон зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ барои зарар расидан ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон 1 миллиону 780 ҳазору 300 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид, ки аз ин 35 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 1 миллиону 754 ҳазору 300 сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 193 ҳазору 300 сомонӣ ё 12,2 фоиз бештар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра корхона ба буҷет 5 миллиону 431,4 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 613,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Корхона барои нимсолаи дуюми соли 2024 нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавиро аз рӯи ҳама намудҳои суғурта 19 миллиону 194 ҳазору 600 сомонӣ, аз ҷумла аз рӯи шаклҳои суғуртаи ҳатмӣ 3 миллиону 22 ҳазор сомонӣ ва шаклҳои суғуртаи ихтиёрӣ 16 миллиону 172 ҳазору 600 сомонӣ, муқаррар намудааст.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»