Нишастҳои матбуотӣ

Субъектҳои хоҷагидор 7439 адад зиёд шудаанд

№90 (3727) 27.07.2017

Андаз- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти андоз 102,1 дарсад таъмин гардид ва ба ҷойи 4 миллиарду 466,3 миллион сомонии пешбинишуда, ба буҷет 4 миллиарду 559,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 дарсад бештар мебошад, — гуфт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр шуд, ки кормандони мақомоти андоз нисбат ба фаъолияти 987 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида, ба маблағи 529,2 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозро ошкор намуданд, ки аз он 266,2 миллион сомониаш ба буҷет ворид карда шуд. Инчунин, 3945 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардид.

Мутобиқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ, то якуми июли соли 2017 дар ҷумҳурӣ 296122 субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки нисбат ба як соли пеш 7439 адад зиёд мебошад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»