Соли 2023 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 17 миллиарду 738 миллион сомонӣ ворид шуд, ки 103,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, иҷрои барзиёди нақша натиҷаи рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа ва дигар тадбирҳои андешидашуда мебошад.
Номбурда зикр кард, ки то 1 январи соли равон 350,3 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 10,1 ҳазор зиёд аст.
Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, доир ба бақияи қарзи андозҳо иттилоъ дода шуд. Маълум гардид, ки то якуми январи соли 2024 бақияи қарзи андозҳо 647,6 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 67 миллион сомонӣ кам шудааст. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор оид ба маҷбуран ситондани 1 миллиарду 234 миллион сомонӣ қарори дахлдор қабул гардида, илова бар ин, аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2022 қабулшуда, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 189 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»