Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 4090 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то ҳол 3916 донишҷӯ ба Ватан баргардонида, аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта 65 нафар дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 22 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки айни ҳол 83 донишҷӯ дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои исломию мусулмоннишин ғайрирасмӣ таълим мегиранд. Барои ба Ватан баргардонидани онҳо низ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ идома дорад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар асоси 263 дархост 4864 номгӯи адабиёти динӣ, 4672 варақа, 802 фита, 15 телефони мобилӣ, 2 ноутбук ва 5 флешкорти дорои 8303 сабти видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор гирифт. Аз онҳо ба 151 дархост хулосаи манфӣ ва ба 112 дархост хулосаи мусбат дода шуд.
- Вақте муҳтавои адабиёти динӣ даъват ба бетартибӣ, барангехтани кинаю адоват ва фитнаангезӣ бошад, истифодаи он манъ мешавад. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба 182 номгӯй адабиёти динӣ хулосаи манфӣ дода шуд. Аммо ҳанӯз рӯйхати адабиёти мамнуъ таҳия нашудааст.
С. Давлатзода сари вақт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъин нагардидани мутахассисони варзида ба ҷойҳои холии соҳаро аз мушкилоте номид, ки садди пешравии кор мегардад.
Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бинобар зуд — зуд ивазшавии кормандони соҳа дар шаҳру ноҳияҳо аъзои комиссияҳои доимӣ вазифаҳои хешро ба таври зарурӣ иҷро намекунанд ва масъалаҳои марбут ба комиссияҳои доимиро ба зиммаи бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо ва сармутахассисони ҷамоати шаҳраку деҳот вогузор менамоянд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»