Дар шаш моҳи соли равон 310 қонуншиканӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 8 мансабдору хизматчии давлатӣ, 12 сароянда, 17 соҳибкор қонуншиканӣ кардаанд, ки нисбат ба онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид. Маблағи умумии ҷарима 1 миллиону 402 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад. Ин нуктаро 25 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз дошт.
Таъкид гардид, ки мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии шаҳру ноҳияҳо, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 41356 маърака барпо гаштааст, ки хароҷоти онҳо 167 миллиону 396 ҳазору 938 сомониро ташкил медиҳад.
- Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 194 миллиону 468 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст, — гуфт номбурда.
Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод, ки дар мавсими ҳаҷи имсола беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.
Зикр шуд, ки ҳар сол ҷиҳати муташаккилона сафарбар намудани зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Даҳаи аввали моҳи августи соли равон аввалин гурӯҳи зоирони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад.
Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши хизматрасонӣ барои мавсими «Ҳаҷ-2018» 33 ҳазору 410 сомонӣ муайян гардидааст.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»