Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҳияи 43 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорати молия

№95 (4201) 08.08.2020

U19A6935Зимни нишасти матбуотӣ (29 июли соли равон) вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон 43 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраршуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод шуд. Аз ин теъдод 13 адад бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дуто бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, якто дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиягардида ба таъмини шаффофият ва иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ, мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити кунунӣ, ҷорӣ намудани маҳдудият дар самти гузаронидани санҷишҳои андозӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба резидентҳо, танзими пардохти бонуси обунавӣ ва бонуси истих­роҷ рабт дорад.

Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар давраи мавриди назар 95,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9,8 млрд. сомонӣ ворид гашт, ки 462,3 млн. сомонӣ кам мебошад. Зимни шарҳу тавзеҳи масъала вазир гуфт, ки ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби даромади ҷорӣ 7,7 млрд. сомонӣ, азхудкунии маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 1146,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағи махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 658,1 млн. сомонӣ ворид гардид.

Инчунин, ба буҷетҳои маҳаллӣ 2,7 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки он 98 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки воридоти маблағ нисбат ба нақша 55,3 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 162,3 млн. сомонӣ кам аст.

Хароҷот низ тибқи тартиби пешбинишуда сурат гирифта, барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2,7 млрд. сомонӣ, нафақа — 1,3 млрд. сомонӣ, идрорпулӣ — 32,2 млн. сомонӣ, ҷубронпулию кумакпулиҳо — 171,0 млн. сомонӣ равона гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 млн. сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо шудааст.

Роҳбарияти вазорат аз он қаноатманданд, ки дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 16 созишномаи нави қарзию грантӣ барои татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 587,2 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид. Аз маблағи зикршуда 361,2 млн. доллари амрикоӣ грант, 220,0 млн. доллари амрикоӣ қарз ва 6,0 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»