Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҳияи нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳия ба анҷом расид

№ 22.07.2022

Накшаи генерДар шаш моҳи соли равон 588 ҳазору 300 метри  мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин нуктаро раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 8604 хонанда, дармонгоҳ барои 200 қабул дар як баст, беморхона барои 47 кат ва  муассисаҳои томактабӣ барои 260 ҷой ба истифода дода шуданд.

- Аз 65 шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи  нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд ва алҳол мавриди  амал қарор доранд,- гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 таҳти №335 «Дар бораи  сохтмони биноҳои  на кам аз  панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ҶСК «Корезлоиҳа» дар асоси нақшаҳои  генералии тасдиқшудаи марказҳои шаҳру ноҳияҳо дар давоми солҳои 2020, 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи канализатсия барои шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Истаравшан, Шаҳристон ва Истиқлол таҳия ва ба Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод шуд.

Дар ин давра мутобиқ ба талаботи Кодекси  шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 683 иншоот санҷида, 1779 камбудӣ ошкор гардид. Масъулон барои роҳ додан ба саҳлангорию камбудиҳо ба маблағи 705480 сомонӣ ҷарима шуданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»