- Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2020 баҳри коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ, қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва нигоҳ доштани раванди муътадилии ҳаҷми пул равона шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 10 феврали соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.
Маълум гардид, ки дар давраи мавриди назар бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок ба маблағи 14,3 млрд. сомонӣ коғазҳои қиматнок ба муомилот бароварда шуд.
Меъёри бозтамвил, ки фишанги асосии монетарӣ маҳсуб мешавад, тадриҷан 2 банди фоизӣ паст карда шуда, алъон дар сатҳи 10,75 фоизи солона қарор дорад. Дар ин марҳила қурби расмии сомонӣ 16,6 фоиз коҳиш ёфта, баъд аз тасҳеҳи якдафъаина барои 1 доллари ИМА 11,30 сомонӣ муқаррар гардид. Дар заминаи ин иқдом, фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби бозори ғайрибонкии доллари ИМА ба 0,8 фоиз баробар шуд.
Тағйирёбии қурби асъорро масъулини Бонки миллӣ ба вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, таъсири пандемия, коҳиш ёфтани қурби асъори миллии кишварҳо-шарикони асосии савдо, камшавии интиқоли пул, болоравии нархи молу маҳсулоти воридотӣ ва касри тавозуни савдои кишвар рабт доданд.
Зикр шуд, ки ҳоло дар мамлакат 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла, 18 бонки анъанавӣ, бонки исломӣ 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.
Шумораи филиалҳо, бо дарназардошти равзанаи бонкии исломӣ ва марказҳои хизматрасонии бонки ташкилотҳои қарзии молиявӣ 1935 ададро ташкил дода, аз ҳамин давраи соли 2019-ум 10 адад зиёд аст. Дороии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 26,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2019-ум 19,7 фоиз зиёд шуд.
Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки теъдоди пасандозҳои ҷалбшуда 5,9 млн. ададро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ҳафт фоиз зиёд мебошад.
Соли 2020 қарзи додаи ташкилотҳои қарзӣ 10 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 -ум 446,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда 41 фоиз ё 4,1 млрд. сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Меъёри фоизи қарзҳои ба ин соҳа додашуда 17,7 фоиз бо пули миллӣ ва 13,3 фоиз ба асъори хориҷиро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2019 мутаносибан 1,2 ва 3,4 банди фоизӣ паст мебошад.
Аз қарзҳои дар ин давра додашуда 29,7 фоиз ба истеъмолот, 15,8 — савдои хориҷӣ, 15,3 — кишоварзӣ, 12,3 — хизматрасонӣ, 11,6 — саноат, 10,5 — сохтмон, 0,7 — нақлиёт ва дигар соҳаҳо 2,9 фоиз рост меояд.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»