Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъмини 65,8 фоизи аҳолии кишвар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда

№96 (4679) 28.07.2023

жкх (3)26- уми июли соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Раҷабалӣ Расулзода иброз намуд, ки дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли равон аз тарафи кормандони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маб­лағи 104 миллиону 182 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 3 миллиону 65 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар нимсолаи якуми соли 2023 ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андоз­ҳо 25 миллиону 224 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 364 ҳазор сомонӣ ­зиёд мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба истифодабарандагон ба миқдори 30 миллиону 704,5 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас гардида, 10 миллиону 797 ҳазор метри мукааб партовобҳо бароварда шуданд.

Номбурда, ҳамчунин иброз намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон барои таҷдиду барқарорсозии 127 насоси обкаши зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, аз таъмири ҷорӣ баровардани 13 трансформатор, иваз намудани 7762 метр қубурҳои обгузари фарсуда, бартараф намудани 1856 садамаи гуногун корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Ба ин васила, дар деҳоти ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»-и тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023 ба истифодабарандагон ба миқдори 4 миллиону 664 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ таъмин намудаанд, ки 100,6 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»