Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Руслан Қодирзода 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод, ки соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 517,3 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 9 млн. сомонӣ зиёд буда, 100,8 фоизро ташкил медиҳад. Мутаассифона, аз 81 корхонаи саноатии бақайдгирифташуда дар ноҳия 19 адад истеҳсолро кам намуда, 19 адади дигар тамоман фаъолият накардаанд.
Номбурда зикр кард, ки соли 2022 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4030 шаҳрванди бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 3380 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 2550 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.
Ҷиҳати касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор баҳри иҷрои моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 650 шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ сафарбар гардиданд. Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯйи 15 намуди касбу ихтисос тавассути роҳхат ба таври ройгон омӯзонида шудааст. Аз ҳисоби сарчашмаҳо тибқи маълумот, дар соли 2022 дар ноҳия 11 ҳазору 448 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»