- Дар доираи роҳандозии тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ дар ду соли охир 0,9 фоиз коҳиш ёфта, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1730,12 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,70 сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа 20 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1031 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида, ба 8 ҳазору 400 шаҳрванд роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд, — иттилоъ дод вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода 13-уми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр шуд, ки барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1,4 ҳазор шаҳрванди бекор ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба ҳазор нафар 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба 814 шаҳрванди бекор ба маблағи 2 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ пардохта шуд. Инчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани соҳибкорӣ ба як ҳазору 900 зан ба маблағи 6 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ба 906 нафар ба маблағи 3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»