Соли равон дар кафедраи «Сайёҳӣ»-и факултети варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов гурӯҳи нав – «велосипедронӣ» таъсис ёфт. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки барои тамрини варзишгарон 50 адад велосипед харидорӣ шуд. Дар донишкада, ҳамчунин гурӯҳи шоҳмотбозон иборат аз 18 нафар ба фаъолият оғоз намуд. Бо ин мақсад синфхонаи махсус муҷаҳҳаз гардид ва дар соли нави таҳсил дарси шоҳмот ба нақшаи таълимӣ ворид мешавад.
- Натиҷаи дуруст ба роҳ мондани тарғиби соҳаи варзиш буд, ки соли ҷорӣ 21000 довталаб ихтисосҳои варзиширо, аз ҷумла, қариб 3000 нафар Донишкадаи тарбияи ҷисмониро интихоб намуданд, — гуфт Шодӣ Сафаров. — Имсол бори нахуст аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 50 нафар ба шуъбаи ғоибона ва 2 нафар ба бахши рӯзона ҳуҷҷат супурданд. Дар ҷараёни таҳсил донишҷӯёне, ки узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мешаванд, тибқи реҷаи озод таҳсил мекунанд.
Соли ҷорӣ 1800 хатмкардаи донишкада соҳиби рутбаи низомии лейтенанти хурд гардиданд. Дастпарварони донишкада, ғайр аз мактабҳои миёнаю литсей, коллеҷу омӯзишгоҳҳои соҳавӣ, инчунин дар Вазорати мудофиа ва сохторҳои низомӣ ба кор қабул мешаванд.
«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар осорхонаи донишкада гӯшаи махсус зери унвони «Ҳунарҳои мардумӣ» ва воҳидҳои нави кории қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ, борҷома ва чӯбкории ниёгон таъсис ёфт.
Тайи 6 моҳи соли равон шаш маротиба ҷаласаи шӯрои илмӣ доир гардид, ки дар онҳо 29 масъалаи мубрами соҳа ҳаллу фасл гардид. Теъдоди мақолаҳои соҳавӣ ва илмию оммавии устодони донишкада дар ин муддат 114 ададро ташкил дод. Ҳоло боз 10 китоби таҳиякардаи устодон омодаи чоп аст.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»