Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси маркази клиникӣ дар назди Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон

№95 (4515) 29.07.2022

11Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон» нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ буда, он дар панҷ факултет аз рӯи панҷ самт: психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ, кори табобатӣ, фарматсевтӣ ва стоматологӣ мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ омода менамояд.

Рӯзҳои наздик дар назди донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд, ки дар он баробари табобати беморон, ҳамчунин донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва клиникиро тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ мегузаронанд. Барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва токлиникӣ) ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён донишкада бо 27 муассисаи тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартнома дорад.

Аз ин хусус ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Ибодзода Зарина Ҳабибулло дар нишасти матбуотӣ, ки 27 июли соли 2022 доир гардида, ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бахшида шуд, иброз намуд.

- Донишкада навтаъсис ҳам бошад, хоҳишмандони таҳсил дар он зиёданд. Масалан, барои солҳои таҳсили 2022-2023 тибқи нақша, бояд 985 донишҷӯ қабул намоем. Мутобиқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол барои шарафёб шудан ба номи донишҷӯи донишкадаи мо 4562 нафар номнавис шуданд. Яъне, шумораи довталабон қариб панҷ баробар зиёд буд, — гуфт ректор дар идомаи сухан ва таъкид ба он дошт, ки дар аввалин соли фаъолият таълимро аз рӯи панҷ барнома оғоз карданд, ҳоло бошад, теъдоди барномаҳои таълим ба 38 адад расида, гувоҳ бар он аст, ки тадриҷан ҳайати профессорону омӯзгорони дорои дараҷаи унвони илмӣ зиёд гардида, барои пурра ва мукаммал гардидани барномаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

 «Садои мардум»