Аз нишастҳои матбуотӣ

Табибони бемориҳои рӯҳӣ намерасанд

№102 (4685) 16.08.2023

Dzhamoliddin-Abdullozoda-2Нуҳуми августи соли ҷорӣ нишас­ти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо иштироки васеи рӯзноманигорон доир гашт.

Яке аз мавзӯъҳои калидии ин нишаст норасоии табибон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат буд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин хусус чунин гуфт:

- Ҳоло дар муассисаҳои тандурус­тии ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон ҷой дорад. Ба ҳолати якуми июли соли равон дар кишвар 2298 табиб ва 575 ҳамшираи тиббӣ намерасанд. Айни ҳол 87,9 фоиз воҳидҳои кории табибон ва 97,6 фоиз кормандони миёнаи тиббӣ банд ҳастанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ва 2,1 фоиз зиёд мебошад. Бояд бигӯем, ки сол то сол ин мушкил ҳалли худро ёфта истодааст.

Номбурда афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 49 табиб ва 35 ҳамшираи тиббӣ намерасанд. Дар вилояти Хатлон норасоии табибон ба 788 нафар расида, аз нарасидани ҳамшираи тиббӣ дар вилоят танқисӣ кашида намешавад. Дар вилояти Суғд ба 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиббӣ ниёз ҳаст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад, 412 табибу 319 ҳамшираи тиббӣ намерасанд. Илова бар ин муассисаҳои хусусӣ низ аз набудани 149 пизишк ва 67 ҳамшира танқисӣ мекашанд.

Оид ба масъалаи ба муҳоҷират рафтани тибибон ё аз рӯи ихтисос кор накарданашон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ чунин ибрози назар кард:

- Дар нимсолаи аввали соли равон 79 табиб бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд. Ба табибони бахше ихтисосҳо дар дигар кишварҳо низ талабот зиёд аст ва барои ҳамин қисме аз мутахассисон ба муҳоҷират мераванд. Дар феҳристи чунин мутахассисон, аз ҷумла духтурони оилавӣ, терапевт, кардиолог, реанематолог, момодоя мебошанд. Аз ҷониби дигар, 70-80 фоизи хатмкунандагони соҳаи тандурустӣ тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд ва онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ барои кор кардан аз рӯи ихтисосашон маҷбур карда наметавонем.

Ҷамолиддин Абдуллозода илова намуд, ки ҳоло дар кишвар ихтисосе нест, ки мутахссиси он самт вуҷуд надошта бошад, танҳо дар бархе бахшҳо, аз ҷумла нарколог-психиатр, кам мебошанд.

Ба гуфти масъулин масъалаи норасоии кад­рӣ дар солҳои наздик ҳалли худро меёбад ва дар ин самт корҳо рафта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти масъу­лини Беморхонаи чумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ, ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ барои табобати беморони рӯҳӣ наздики 200 табиб намерасад. Дақиқан, дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Ванҷ, Хоруғ, Дарвоз, Мурғоб, Ишкошим, Рошқалъа ва 13 ноҳияи вилояти Хатлон умуман табиб барои беморони рӯҳӣ нест.

Ҳ. ТОҲИРОВ,

«Садои мардум»