Аз нишастҳои матбуотӣ

Табодули академӣ – самти нави фаъолият

№20 (4760) 12.02.2024

1Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ (9-уми феврал) қайд намуд, ки боиси ифтихори кулли омӯзгорону кормандони донишгоҳ аст, ки 14-уми декабри соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии филиали донишгоҳ дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.

Муваффақияти дигари муассиса бо роҳ мондани табодули академии 98 донишҷӯ бо Донишгоҳи миллии АвруОсиё, Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия мебошад.

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар чорумин Олимпиадаи байналмилалии умумироссиягӣ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, дар он 1 нафар сазовори ҷойи дуюм, 2 нафар ҷойи сеюм ва 6 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Соли 2023 омӯзгорони донишгоҳ дар озмуни «Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон барои солҳои 2023-2024» иштирок намуда, 6 нафар барои такмили ихтисос ба Ҳиндустон сафарбар гардиданд. Дар баробари ин, 8 омӯзгор дар семинари байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзида, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ шуданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»