Нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон ба замоне рост омад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тариқи барориши коғазҳои қиматнок ба сармоякунонии бонкҳои ба мушкил мувоҷеҳшуда иқдом намудааст. Дар ин замина, банкоматҳои ин бонкҳо – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк», ки хеле вақт аз фаъолият бозмонда буданд, фаъол шуда, дигар амалиёти бонкӣ низ имконпазир гардид. Ин омил боис шуд, шиддати саволҳои журналистон, ки асосан ба фаъолияти бонкҳои мазкур рабт доштанд, то андозае паст гардад.
Аз суханони раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода маълум гардид, ки дар ҷумҳурӣ 104 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 14 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият дошта, теъдоди филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ 437 ададро ташкил медиҳад. Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар анҷоми соли гузашта 21,1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 13,6 фоиз афзоиш ёфтанд.
Бақияи умумии пасандозҳо соли гузашта 9 млрд. 243 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 7,3 фоиз зиёд мебошад. Нуктаи муҳим он аст, ки пасандозҳо бо пули миллӣ 32 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи онҳо дар таркиби пасандозҳо 37,5 фоизро ташкил медиҳад (соли 2015 ин нишондиҳанда 28,5 фоиз буд).
Қарзҳои додашуда ба соҳаҳои саноат 35,0 фоиз, савдои хориҷӣ — 20,6, сохтмон — 6,3, истеъмол — 13,9, кишоварзӣ — 10,7, нақлиёт — 6,0, миёнаравии молиявӣ — 1,6, хизматрасонӣ — 4,4 ва дигар соҳаҳо 1,5 фоиз рост меояд.
Соли 2016 дар ҷумҳурӣ тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 59,9 млн. пардохт ба маблағи умумии 395,4 млрд. сомонӣ амалӣ гардид. Миқдори умумии кортҳои пардохтӣ 1620,3 ҳазор адад ва дорандагони кортҳои пардохтӣ 1605,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2015 мутаносибан 12,0 ва 12,5 фоиз зиёд мебошад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»