Аз нишастҳои матбуотӣ

Тафсири илмии Кодекси гумрук нашр шуд

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

Гумрук (2)- Яке аз дастовардҳо дар соли 2020 таҳия ва нашри Тафсири илмии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 18 феврал муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода.

Бино ба гуфти номбурда, Тоҷикистон соли гузашта бо 108 кишвари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом дода, дар ин замина 75 номгӯй молу маҳсулот ба хориҷи кишвар содир гардид.

Аз ҳаҷми умумии содирот 22 фоиз (288,6 миллион доллари ИМА) ба кишварҳои хориҷи наздик ва 78 фоиз (1023,3 миллион доллари ИМА) ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Содироти мол ба Туркия 15,5 фоиз, Қазоқистон -11,6, Афғонистон — 5,3, Ӯзбекистон — 6,3, Чин — 2,6 , Россия — 3,1, Белгия — 2,4 ва Италия 1,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар содироти молҳои маъдану консентрат ба 158,3 миллион доллари ИМА, нахи пахта — 136 миллион, семент — 59,7 миллион, ресмони пахтагӣ — 36 миллион, маҳсулоти меваю сабзавот -19,5 миллион, шарбату шираи рустанӣ ба 6 миллион доллари ИМА баробар аст.

Соли сипаришуда дар муқоиса ба соли 2019 содироти мол ба Ӯзбекистон 89,7 миллион доллари ИМА, Туркия — 30,8 миллион, Ҷумҳурии Халқии Хитой — 21,1 миллион, Эрон — 8,8 миллион, Федератсияи Россия — 3,3 миллион ва Қазоқистон 66,2 миллион доллари ИМА коҳиш ёфта, бо Афғонистон 30 миллион доллари ИМА, Белгия -11,2 миллион, Италия — 4,4 миллион ва Покистон 3,8 миллион доллари ИМА афзуд.

Д. Абдулло,

«Садои мардум»