Соли 2020 дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3 499 аризаи даъвоӣ ва шикояту дархост ворид гардида, аз он 539 адад, бинобар риоя нагаштани талаботи меъёри мурофиавӣ, беҳаракат монда шуд. Инчунин, қабули 20 ариза рад ва 627 арзу дархост бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан баргардонда шуд, — иброз дошт раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода 10 феврали соли равон ва афзуд: — Дар давраи зикршуда ба маблағи 409 834 653,87 сомонӣ даъво қонеъ ва ба фоидаи давлат 3 027 049,77 сомонӣ рӯёнида шуд.
Мавлуда Қаландарзода, ҳамчунин, гуфт, ки 253 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуда, судҳо 244 таъиноти хусусӣ бароварда, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо 15 пешниҳод ирсол намуданд.
Зикр шуд, ки бо мақсади ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб гардидани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»