-Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 нишон дод, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъмин шудааст, — гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар нишасти матбуотӣ, ки 2 августи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар давраи мавриди назар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 31,3 миллиард сомонӣ баробар шуд ва рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоизро ташкил намуд. Гардиши савдои хориҷӣ дар нимсолаи якум 3,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якум 47 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд, ки 23-тои он қабулу ҷонибдорӣ гардид. Ҳоло 13 лоиҳаи дигар дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Вазир 26 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон расман фаъол гардонидани Портали савдои Тоҷикистонро рӯйдоди фараҳбахш арзёбӣ кард.
- Он таҷрибаи нахустин дар Осиёи Марказӣ буда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ имконияти дастрасии маълумотро оид ба расмиёт ва ҳуҷҷатгузории содиротиву воридотии 46 гурӯҳи мол (зиёда аз 1500 молу маҳсулот), пардохтҳо, иҷозатномаҳо, сертификатҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва созишномаҳои байналмилалӣ фароҳам меоварад, — иброз дошт Неъматулло Ҳикматуллозода.
Доир ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ), ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли нишаст қарор дошт, маълумот дода шуд, ки дар МОИ — ҳои «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» 69 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар онҳо ба маблағи 91,42 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»