6-уми феврал дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд.
Раиси кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо аз муҳимтарин вазифаҳои кумита арзёбӣ кард. Дар ин муддат кормандони кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 456 лоиҳаи ангораҳои соҳибкорон ва ташкилотҳои рекламаистеҳсолкунандаро омӯхтанд. Эълону рекламаҳое, ки хилофи меъёрҳои қонуни мазкур ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ буданд, ислоҳ шуданд.
Кормандони кумита 4 фарҳангномаи тахассусӣ (43960 истилоҳ), фарҳанги истилоҳоти соҳавӣ, 4 дастури таълимӣ (468 истилоҳ) ва матни 12 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия намуданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
- Интизор меравад, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёбад. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдор аллакай омода ва барои баррасию тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, — гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Тилло НЕКҚАДАМОВ,
«Садои мардум»