Ҳоло бо мақсади ташаккули долонҳои иқтисодӣ тавассути Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ шуда истодааст. Соли ҷорӣ бояд 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 миллион доллар, 23 пул бо дарозии 1,9 км, се нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 километр роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода шаванд. Роҳи 93-километраи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон аз ҳамин қабил аст.
Дар ин хусус вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба марҳила ба марҳила пурра фарогирии таҷдиду таъмири роҳҳо бояд 853 км роҳҳои автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан лоиҳакашӣ шаванд. Аллакай аз ҷониби коршиносон корҳои топографии роҳи Варшез-Кулма (296 км) оғоз шудааст, — иброз намуд Азим Иброҳим.
Зикр гардид, ки корҳои лоиҳакашӣ дар роҳи Айнӣ- Мастчоҳи Кӯҳӣ (100 км) низ шурӯъ гардидааст.
Вобаста ба нигоҳдории роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки вазни мошинҳои боркаш набояд аз 40 тонна зиёд бошад. Дар акси ҳол ҳаракати мошинҳои гаронвазн (аз 40 тонна зиёд) боиси харобшавии роҳҳо мегардад. Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо дар якҷоягӣ бо кормандони БДА навбатдории шабона ба роҳ монда шуда, дар роҳҳо тарозуҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳо насб гардидааст.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»