Соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» табдили ном кард. Аз ин рӯ, сохтори идоракунии донишкада такмил ёфта, 134 ҷойи кори иловагӣ фароҳам шуд.
Дар ин бора ректори донишкада Убайдулло Асрорзода 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар ин давра бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва дар робита ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис ёфт. Барои омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ барои 9 ихтисос иҷозат гирифта шуда, айни замон аз рӯйи 5 ихтисос донишҷӯён дар курси якум таҳсил доранд.
- Дараҷаи дарсазхудкунӣ соли 2020 дар гурӯҳҳои таълимӣ-академӣ 83,1 фоизро ташкил намуд. Соли сипаришуда дар шуъбаи рӯзона 413 нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона 121 донишҷӯ зинаи бакалавриатро хатм намуданд. Раёсат ва кормандони донишкада ғайрату маҳоратро ба он равона карданд, ки сифати таҳсилот беҳтар гардад. Барои расидан ба ин ҳадаф замина фароҳам аст, — гуфт ректор.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»