- Дар соли сипаригардида иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 31 миллиону 66500 сомонӣ ё 106 фоиз, қисми хароҷот 36 миллиону 261 ҳазор сомонӣ ё 97 фоиз ва ҷамъоварии андоз 136,4 фоиз таъмин шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот 381 миллиону 270600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 166 миллиону 980900 сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт раиси ноҳияи Варзоб Муҳамадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ, ки 8 феврал баргузор шуд.
- Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 51 миллиону 813500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 30 миллиону 559200 сомонӣ зиёд буда, 169,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби соҳибкорон 117 бинои замонавии таъиноташон гуногун дар масоҳати умумии 18785 метри мураббаъ бо арзиши 51 миллиону 965 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, — афзуд ӯ.
Дар ноҳия мувофиқи ҳисоботи оморӣ 920 минтақаи истироҳатию табобатӣ ва сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 65- тои он фаъолияти мавсимӣ дорад. Фаъолияти як қатор минтақаҳои сайёҳӣ, ба монанди «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб — Палас», «Гули майда», «Гулобод» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара», осоишгоҳҳои «Хоҷа — Обигарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» доимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин иншооти сайёҳӣ барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ тамоми шароит фароҳам аст.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ соли 2018 ба минтақаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳҳои табобатии Варзоб ташрифи 89350 нафар сайёҳи дохилӣ ва 907 хориҷӣ ба қайд гирифта шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»