— Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 якҷо бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 14 миллиону 362 ҳазору 800 сомонӣ расониданд, — гуфт раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ 11 – уми августи соли 2023.
Номбурда ҳамчунин, афзуд, ки дар давраи зикршуда истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ҶДММ «Дуоб — Р» ба 17,1 тонна маҳсулоти ширӣ, «Шифо — чой» 8050 қуттии Шифочой, «Мурғи Муъминобод» истеҳсоли гӯшти парҳезиро ба 126,3 тонна расониданд.
Дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 204 миллиону 350 ҳазору 800 сомонӣ расонида шуд. Кишоварзони ноҳия дар майдони 15262 гектар кишти зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монданд, ки 11207 гектари онро ғалладонагиҳо, 655,9 гектар картошка, 917 гектар зироатҳои техникӣ, 627 гектар сабзавот, 193 гектар полезӣ ва 1622 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.
То моҳи июли соли ҷорӣ ҳосили майдони 5873 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардида, бунёди боғҳои нав ба 40 гектар расонидап шуд.
Нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ноҳия ба андозаи 101 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 86 ҳазору 726 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия 52 ҳазору 127 нафар сайёҳ ташриф оварданд, ки 958 нафари онҳоро сайёҳи хориҷӣ ташкил медиҳанд.
- Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии бештари мавзеъҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Муъминобод 4 харитаи сайёҳӣ, 14 мавзеъи сайёҳӣ, 4 лавҳаи ахборотӣ, як маркази иттилоотии сайёҳӣ, 3 тарабхона, 12 маркази хизматрасонии бонкӣ, 5 меҳмонхона ва 2 ширкати сайёҳӣ фаъолияти густурда доранд, — гуфт Лутфия Шарифзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»