25-уми июли соли равон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ (бо назардошти НБО-ҳои хурд) 10 млрд. 366,9 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт/соат кам буда, суръати афзоиш 92,8 дарсад таъмин шуд.
Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2024 корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди НБО «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ва «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» идома ёфтанд. Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда 1 миллиарду 431 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб шудааст.
Илова бар ин, татбиқи ҳафт лоиҳаи дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо харҷи 133 млн. доллари ИМА давом дорад.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 4391,0 млн. м3 об гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1717,7 млн. м3 бо мақсади обёрӣ, 84,1 млн. м3 ҳамчун оби ошомиданӣ, 0,25 млн. м3 барои обтаъминкунии деҳот, 51,5 млн. м3 бо мақсади моҳипарварӣ, 1131,5 млн. м3 бо мақсади истифода дар НБО-ҳо, «МБГ 1» ва «МБГ 2»-и шаҳри Душанбе ва 551,6 млн. м3 дар дигар соҳаҳо истифода гардид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»