Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳи довталабон зиёд аст

№28 (4611) 22.02.2023

5- Дар шароите ки аксар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз камбуди теъдоди довталабон мегӯянд нафар таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои академия хеле зиёд аст. Соли таҳсили 2022-2023 нақшаи қабул пурра иҷро шуда, шумораи довталабон 110 фоизро ташкил дод, — гуфт Абдухалил Ғафурзода ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 13-уми феврали соли равон доир гашт.

Номбурда афзуд, ки шумораи умумии донишҷӯён ва магис­трантони академия 4808 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1027 нафар аз тариқи буҷетӣ ва 3781  нафар шартномавӣ таҳсил доранд.

Зикр гардид, ки соли таҳсили 2021-2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1268 донишҷӯ ва магистр бояд хатм менамуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021-ум 385 нафар зиёд мебошад. Аз он шумора 109 нафар бо сабабҳои гуногун (напардохтани маблағи шартномаи таҳсил, сафар ба хориҷи кишвар) ба аттестатсия роҳ дода нашуда, 1159 шахси боқимонда ба комиссияи аттестатсияи хатм роҳ ёфтанд. Аз 1159 хатмкунанда 66 нафар (5,7%) бинобар сабабҳои номаълум дар аттестатсия иштирок накарданд. Аз шумораи умумӣ 383 нафарро маълумоти дуюм, 428 нафар магистрант ва 348 нафарро бакалавр ташкил дод. Аз 1093 нафаре, ки дар аттестатсияи давлатии хатм иштирок намуданд, 1085 нафар аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузашта, 99,3 дарсади умумиро ташкил медиҳад. 8 нафар хатмкунанда баҳои ғайриқаноатбахш гирифта, аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштанд, ки 0,7 дарсади умумиро ташкил медиҳанд.

ТОҲИРӢ Ҳ.,

 «Садои мардум»