- Тайи нимсолаи аввали соли равон сатҳи таваррум дар мамлакат 4,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (7,0 фоиз) ва молҳои ғайрихӯрокворӣ (2,3 фоиз) ба амал омад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода.
Зикр гардид, ки таварруми солона дар моҳи июни соли ҷорӣ ба 8,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоизӣ кам мебошад. Вобаста ба буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ нишондиҳандаи мазкур нисбат ба дигар кишварҳо муътадилтар аст. Масалан, сатҳи таварруми солона дар Туркия 78,6 фоиз, Федератсияи Россия — 15,2, Қазоқистон — 15,5 ва Гурҷистон 15,8 фоизро ташкил дод.
- Яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва устувор намудани иқтидори содиротии кишвар ин маблағгузории қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар шаш моҳи аввали соли равон қарзҳои додашуда 6,5 миллиард сомониро ташкил дод, — илова намуд мавсуф.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 37,9 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ба 2,5 миллиард сомонӣ баробар аст.
Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 4,7 миллиард сомонӣ ба қарзҳои хурд рост меоянд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз зиёд мебошад.
Тайи шаш моҳи аввали соли равон дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ, яъне кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 14,3 миллион адад амалиёт ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ анҷом дода шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи шумора 31,2 фоиз ва аз лиҳози маблағ 96,9 фоиз зиёд аст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»