- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар идоракунӣ ва танзими омӯзиши геологии қаъри замин дар нимсолаи аввали соли 2021 фаъолиятро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, кори зиёдро ба анҷом расонид, — гуфт сардори он Оймуҳаммадзода Илҳомҷон дар нишасти матуботӣ, ки 14 июли соли 2021 баргузор гардид.
- Корҳои шартномавӣ аз рӯи 98 лоиҳа ба маблағи 9 002858 сомонӣ ба иҷро расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1 805 918 сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт номбурда. Аз ин ҳисоб дар нимсолаи якуми соли 2021-ум 3 052 121 сомонӣ ба буҷет андоз ворид шуд.
Масъулин ёдовар шуданд, ки моҳи январи соли 2021 дар вохӯрӣ бо намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония «JICA» дар шаҳри Душанбе оид ба омодагии мутахассисони Саридораи геология озмун ҷиҳати дохил шудан ба Донишгоҳи Акитаи Япония мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, моҳи майи соли равон аз тариқи онлайн вохӯрӣ вобаста ба баррасии пешниҳоду таклифҳои ҷониби эронӣ оид ба лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон ва бо ширкати Флит Файнейншл Корпорейшн (Fleet Financial Corporation) оид ба рушди конҳои канданиҳои фоиданок баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки давраи зикршуда дар 369 деҳа, мавзеъ ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ амалӣ гардида, дар натиҷа, ба 191 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан тавсия дода шуд.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»