Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди корхонаҳои саноатӣ меафзояд

№ 11.08.2023

Қосим-Роҳбар-768x691Дар ҷамоати шаҳри Ҳисор иҷрои нақшаи баистифодадиҳии иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 23,9 фоизро ташкил намуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ 10 августи соли 2023 Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ то ба имрӯз  аз 1675 иншооти ҷашнӣ, 400 – тои он ба истифода дода шудаанд.

Сипас Раиси шаҳри Ҳисор бо қаноатмандӣ аз дастовардҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2023 маълумоти мухтасар дода, шуд, ки аз мушкилот ва нақшаҳо дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои ҳалли он ёдовар шуда, бахусус таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатии хурду миёна диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар ин давра дар қаламрави шаҳр 16 корхонаи саноатии хурду миёна кори худро ба роҳ мондаанд.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ин давра рушди соҳаи саноати шаҳр 101,6 фоиз, кишоварзӣ 102,0 расонидани хизматрасониҳои пулакӣ 104,4, гардиши савдо 105,5 ва маблағгузорӣ ба соҳаи савдо 149,6 фоиз таъмин карда шудааст.

Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма ба суолҳои худ вобаста ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, сифати роҳҳо, рушди саноат, низоми савдо дар бозору ошхонаҳо, татбиқи нақшаи генералии шаҳр, қарздорӣ аз андоз, содироти маҳсулот ба хориҷ, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ  пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»