Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ аз 4083 шаҳрванд, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, 3907 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ 10 феврали соли равон иброз дошт, ки айни ҳол 92 шаҳрванд дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд.
Зикр гардид, ки кумита соли 2020 дар асоси 602 дархост 23508 номгӯй адабиёти динӣ, 18006 варақа, 206 дафтар, 1291 фита, 25 телефони мобилӣ, 12 ноутбук, 18 флешкорт ва 3 адад планшети дорои 7928 сабти видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода, ба 384 дархост, бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ, хулосаи манфӣ дод. Таъкид гардид, ки дар ҳудуди мамлакат чоп ва паҳн кардани китобу наворҳои равияҳои экстремистию террористидошта манъ аст.
Сулаймон Давлатзода гуфт, ки санаи аниқи бозшавии бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе маълум нест.
- Масҷиде, ки бо сармояи Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, қарор буд соли гузашта ифтитоҳ шавад. Аммо бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод, — гуфт Сулаймон Давлатзода.
Соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 95305 маърака барпо гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 23101 адад кам мебошад. Соли гузашта дар мамлакат вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»