Теъдоди нафақагирони маъюб афзудааст

№ 25.07.2022

DSC_1836- Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 июли соли равон 761 ҳазору 312 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 527 нафар ё 2,2 фоиз афзоиш ёфтааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилмурод Давлатзода ва афзуд: -

Талаботи моҳонаи нафақа дар кишвар дар як моҳ 253 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн. 900 ҳазор сомонӣ ё 2,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 159 ҳазору 679 нафар ё 20,97 фоизро маъюбон ташкил медиҳанд. Теъдоди нафақагирони маъюб нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2021-ум 2 ҳазору 273 ё 1,4 фоиз зиёд шудааст.

- Бино ба қавли Дилмурод Давлатзода, аз шумораи умумии маъюбон 17 ҳазору 165 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 76 ҳазору 792 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм, ва 33 ҳазору 275 нафарашон маъюбони гурӯҳи сеюм буда, маблағи пардохти нафақа ба онҳо дар як моҳ 52 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки ҷиҳати татбиқ намудани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки соли 2021 ба имзо расид, дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ҷониби Федератсияи Россия лоиҳаи созишномаи маъмурӣ омода гардида, ҳоло он дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо қарор дорад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»