Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди омӯзгорони унвондор беш аз чор фоиз афзуд

№ 06.02.2023

Hajrullo-Nazarzoda-8Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазирро аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи доктор PhD ва шаш ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ омода мекунад. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар зимни нишасти матбуотӣ, ки дуюми феврали соли равон доир гардид, маълумот дод.

Ректор дар идома гуфт, ки донишгоҳ дорои ҳафт бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, синфхонаҳои компютерӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, ба қадри зарурӣ компютеру проектор ва тахтаҳои электронию ноутбукҳо мебошад. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 51,1 фоизро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 4,1 фоиз зиёд аст.

Раёсати донишгоҳ соли гузашта барои густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ бо якчанд донишгоҳҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркия шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонид. Соли сипаришуда 20 омӯзгору донишҷӯ, тибқи барномаи табодули академӣ, ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар шуданд.

Сохтори тарбиявии донишгоҳ дар ин давра корҳои муҳими ташкилию тарбиявиро амалӣ намуд. Соли гузашта 54 дарси кушоди тарбиявӣ, 26 чорабинии варзишӣ, 30 чорабинии фарҳангӣ, 174 чорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла маҳфили доимоамалкунандаи «Кадбону» ва гурӯҳҳои волонтёрӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол ва дигар мулоқоту вохӯриҳо бо ниҳодҳои гуногун ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд.

 Мо ифтихор мекунем, ки донишҷӯи курси сеюми донишгоҳ Нуралии Эмомалӣ дар намуди гӯштии ҷудо соҳиби медали тилло ва унвони чемпиони ҷаҳон гардид, ки боиси ифтихори аҳли донишгоҳи мо мебошад.

Ба саволи хабарнигори рӯзнома дар бобати кам шудани шумораи донишҷӯён аз ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ректор изҳор дошт, ки солҳои охир дар вилоятҳои ҳаммарзи ҳамсоякишвар донишгоҳу филиалҳои муассисаҳои олии таълимии шаҳрҳои марказии Ӯзбекис­тон таъсис ёфта, барои ҷавонони ин минтақаҳо наздик ба маҳали зисташон шароити таҳсил фароҳам омад.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»