Фаъолияти таълимии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе соли 2021 мувофиқи талаботи стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии Федератсияи Россия, сиёсати таҳсилотии Тоҷикистон ва Россия, ки ба такмили низоми таҳсилот, нақшаи стратегии рушди филиал марбутанд, мавриди амал қарор дода шуд.
Ин нуктаро директори иҷроияи Филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев зимни нишасти матбуотӣ, ки 16 феврал доир гардид, таъкид намуда, дар идома гуфт, ки теъдоди донишҷӯёни муассиса 477 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 313 нафар донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷетӣ ва 164 кас таҳсилгирандагони гурӯҳҳои шартномавӣ мебошанд.
Бо кор таъминшавии хатмкунандагон пас аз таҳсил, на танҳо барои донишҷӯён, барои муассиса низ самти муҳим маҳсуб меёбад. Соли гузашта муассисаро 100 кас хатм намуда, 36 нафар бо кор таъмин ва боқимонда ба магистратура дохил шуданд.
Бо мақсади рушди неруи инноватсионии филиал соли гузашта фаъолияти технопарк барқарор шуда, он пешниҳоди хизматрасониҳои консалтингӣ, ёрии ҳуқуқӣ, амалигардонии бизнес-инкубатор, робототехника, лоиҳаҳо оид ба коркарди таъминоти барномавии компютерҳо, инчунин ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати «Иқтисод ва менеҷмент» ва «Ҳуқуқ»-ро мадди назар дорад.
Донишҷӯёни филиал иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ буда, аксари онҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар филиал курсҳои тайёрӣ фаъолият менамоянд, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии довталабон барои қабул ба Филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, шиносоӣ бо барномаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ ва шароити қабул мебошад.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»