Дар нимсолаи якуми соли равон 708 903 кг маҳсулоти озуқавории пастсифат ошкор гардидааст. Аз ин нишондиҳанда 476 366 кг аз лиҳози бехатарӣ ва боқимонда бинобар тамғагузорӣ дар борҷома ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳҳобзода иттилоъ дод.
Бо хулосаи озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 49 698 кг маҳсулоти гӯштӣ, 155 976 кг равғани растанӣ, 20209 литр нӯшокии спиртӣ, 9240 литр нӯшокии ғайриспиртӣ, 3920 кг маҳсулоти қаннодӣ, 13 687 кг маҳсулоти ширӣ, 240 кг иловагии ғизоӣ, 6478 кг тухми мурғ, 20990 кг намак, 87 002 кг маҳсулоти ғалладонагӣ, 119 062 кг орд, 9537 кг консерва ва ғайра, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ эътироф шуда, нисбат ба воридкунандагон чораандешӣ шуд.
Корманди рӯзнома ба роҳбарияти ниҳоди зикршуда ду савол пешниҳод кард. Саволи аввал тамоюли коҳишёбӣ касб намудани муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба нақзи ҳуқуқи истеъмолӣ рабт дошта, далел пеш овардем, ки 3 сол қабл теъдоди муроҷиаткунандагон 122 нафар буд. Минбаъд ин раванд коҳиш ёфта, соли равон ҳамагӣ 39 муроҷиат шудааст.
- Магар эътимоди шаҳрвандон ба «Тоҷикстандарт» коста шудааст ё дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардидани фаъолият барои бамаротиб кам гардидани ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи истеъмолии мардум боис гардид? — пурсидем аз масъулин.
Темурҷон Абдулваҳҳобзода ин тамоюлро ба болоравии масъулияти касбии кормандон ва беҳбуд ёфтани назорат алоқаманд намуд. «Тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаем, ки рисолату ваколати кормандон баҳри ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иҷро ва истифода гардад. Аз ҷониби мутахассисони агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 3895 ҳолат 1 миллиону 135 ҳазору 338 сомонӣ ҷарима шудани ашхоси муҷрим идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад»,- афзуд номбурда.
Саволи дуюм ба ҳисси масъулиятшиносии соҳибкорон дахл дошт. Директори «Тоҷикстандарт» болоравии масъулиятшиносии соҳибкоронро ситоиш намуда, аз зиёдшавии дархост барои нобудсозии маҳсулоти озуқаи муҳлати истеъмолашон гузашта ёдовар шуд. Барои мисол, дар давраи мавриди назар тибқи дархости соҳибкорон 127 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, ба анбори нигоҳдории агентӣ супорида шуд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 82,5 тонна зиёд аст.
- Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ҳавасманд намудани соҳибкорон аз тамоми имконият самаранок истифода карда истодаем. Дар ин раванд ба фаҳмондадиҳӣ афзалият додаем, на ҷаримабандӣ. Чунин тарзи кор аллакай натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, болоравии масъулиятшиносии соҳибкорон ва кам шудани ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи истеъмолӣ аз ҳамин ҷумлаанд, — гуфт директори «Тоҷикстандарт».
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»