- Нимсолаи якуми соли 2016 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 8 миллиарду 661,86 миллион кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,38 миллион кВт. соат зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра 638 миллиону 982 ҳазор кВТ. соатро ташкил дод, ки дар муқоиса ба як соли пеш 7,38 миллион кВт. соат зиёд аст, — иттилоъ дод вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ 26 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфти ӯ, дар шаш моҳ ШСХК «Барқи Тоҷик» як миллиарду 475 миллион кВт. соат неруи барқро ба маблағи 36,9 миллион доллари ИМА аз барқистеҳсолкунандагони дохили ҷумҳурӣ харидорӣ намудааст. Номбурда изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ 283 НБО-и хурд бо иқтидори умумии 26806 кВт мавҷуд аст, ки 94 — тои он тамоми сол ва 189-тои боқимонда дар мавсими тирамоҳу зимистон фаъолият доранд.
Дар ин давра аз ҷониби Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об меъёри муқарраргардида барои Тоҷикистон 5 миллиарду 592,5 миллион метри кубиро ташкил менамояд, аммо кишвари мо ҳамагӣ 3 миллиарду 865,3 миллион метри мукааб об истифода намудааст.
- Дар шаш моҳ корхонаву ҷамъиятҳои нефту газистеҳсолкунанда дар маҷмӯъ 12528 тонна нефт истеҳсол намудаанд. Истихроҷи газ бошад, як миллиону 433 ҳазор метри кубиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 788 ҳазор метри кубӣ кам мебошад, — гуфт вазир.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»