Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ чӣ зарар дид?

№97 (4359) 27.07.2021

KHF_0551- Бар асари офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 22 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз ин теъдод 8 нафар дар натиҷаи омадани сел, 7 кас бинобар лағжиши тарма, 5 шахс дар ярч ва 2 нафари дигар аз санг­резиш ҷон бохтанд, — гуфт 23 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Имомалӣ Иброҳимзода.

Бино ба гуфти ӯ, дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 337 хонаи истиқоматӣ (140 хона пурра, 197 хона қисман), 8 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 3492,114 гектар майдони кишт, 42 пул ва 212,87 км роҳи мошингард низ осеб диданд. Ба хонаводаҳои зарардида ва офат­расида масолеҳи сохтмон, ғизо, бастаҳои беҳдоштӣ ҷудо ва сари вақт расонида шуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар оби дарёву кӯл ва каналҳо 69 нафар ба ҳалокат расиданд. Нуҳ нафари онҳо то 4 сол, 11 нафар аз 5 то 10, 17 нафар аз 11 то 16, 17 нафар аз 17 то 35 ва 15 тан аз 35 сол боло умр доштанд.

Дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода 68 тамрини ситодӣ ва 2858 омӯзиши маҷмӯӣ доир гардид.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»