Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 27-уми июли соли ҷорӣ баргузор гардид, роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳои соҳа муфассал иттилоъ дод.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ин давра дар доираи лоиҳаи «Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ — геологӣ барои солҳои 2020-2025» тибқи дархост ва нақша дар 169 деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шуда, ба 100 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан пешниҳод ирсол гардид.
Тоҷикистон дорои захираҳои калони канданиҳои фоиданок буда, барои иктишоф ва истифодаи онҳо аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом дода шуд. Дар ин бобат дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Саридора омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2030» ба роҳ монда, дар ин муддат корҳои шартномавӣ аз рӯи 149 лоиҳа ба маблағи 11 миллиону 136 ҳазору 567,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85 ҳазору 323 сомонӣ ба иҷро расид.
Дар давраи мавриди назар ба баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 мавод, аз ҷумла ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул 18 адад, бозҳисобкунии захираи конҳо — 7, азнавбаҳодиҳии захираҳо 7 адад ворид гардид. Тавре сардори Саридораи геология иттилоъ дод, Тоҷикистон аз рӯи захираи сурма дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол мекунад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»