Соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои гуногунҷанбаро бо ҳамаи шарикони дуру наздик густариш дод, ки дар маҷмӯъ, 173 санади байналмилалӣ ба имзо расид. Дар ин хусус 16-уми феврал вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» на танҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Он бо ибтикори Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо подшоҳии Нидерландия тарҳрезӣ шуда, 22-24 марти соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид. Дар ин замина, баҳри омодагӣ дар сатҳи муносиб ва баргузории муваффақи конфронсу чорабиниҳои канории он ва иқдомҳои тарғиботии марбут ба ин маъракаи муҳими сатҳи ҷаҳонӣ вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа бо истифода аз ҳамаи имконот саъю талош намуданд, — иброз намуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Зикр гардид, ки самти дипломатияи фарҳангӣ низ бо шомил кардани куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ёдгории фарҳанги ҷаҳонии қитъаи «Зарафшон — Қароқум»-и Роҳи бузурги абрешим, ёдгории табиии «Бешаи палангон» ба феҳристҳои хотироти ҷаҳонӣ ва мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, инчунин, таҷлили 30-юмин солгарди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хусусияти фарқкунанда дошт. Дар ин давра номинаи миллии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас», номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон «Ҷашни Сада» ва номинаи «Санъати зарҳалкорӣ» низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардиданд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи СММ, аз ҷумла ташкили Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 баргузор мегардад ва татбиқи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»