Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷикистон сарсабзтару гулпӯш мешавад

№86 (4192) 16.07.2020

ХИФ МУХ ЗИСТ (1)Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Баҳодур Шерализода 14 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки тайи нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як миллиону 910 ҳазору 814 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда, инчунин 22 миллиону 936 ҳазору 693 бех гулу буттаҳо  шинонида, 487537 метри мукааб майдони кӯчаю хиёбонҳо майсазор шуданд. Ҳар як сокину меҳмони мамлакат мушоҳида карда истодааст, ки  маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сол то сол сарсабзтару гулпӯш мешавад.

Дар шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 3043 амалиёти назоратӣ гузаронида шуд, ки аз он 683 санҷиши нақшавӣ, 66 ғайринақшавӣ, 5 санҷиши такрорӣ ва 2308 адад дигар намуди амалиёти назоратиро ташкил медиҳанд. Барои риоя накардани меъёру  стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 5095 шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба маблағи 875600 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамчунин 607 ҳолати  дағалона вайрон кардани меъёру стандартҳои экологӣ ва талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардида, 1 миллиону 840 ҳазору 700 сомонӣ зарар муайян шуда, аз он 455,9 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуд.

Баҳодур Шерализода зикр намуд, ки бо мақсади  беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  484 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида, 6518, 57 метри кубӣ партовҳои истеъмолӣ ва сахти маишӣ  ба партовгоҳҳои асосӣ бурда шуданд. Инчунин, дар натиҷаи баргузории 272 аксияи экологии «Тозагии соҳил» 664, 37 километр каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳили дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ тоза гардида, аз соҳилҳо беш аз 2580,82 метри кубӣ партов  ҷамъоварӣ шуданд.

Илова бар ин, фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Сайду саёҳат» аз нав барқарор шуд, ки мақсад аз он рушди сайёҳии экологӣ, шикори оқилона ва дигар намудҳои фаъолияти ба ҳифзи захираҳои табиӣ равонашуда мебошад.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»