Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷикматлубот: 7,2 млн. сомонӣ фоидаи тавозунӣ

№101 (4684) 14.08.2023

ТОЧИКМАТЛУБОТ- Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 ба миқдори 548 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардид, ки 153 адади он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, — зикр кард муовини ­раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ, ки 3-юми августи соли 2023 баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети мамлакат аз ҳамаи намуди манбаъҳо ба маблағи 16 млн. сомонӣ андоз пардохт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 7, 2 млн. сомонӣ фоидаи тавозунӣ ба даст оварда шуд.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои ниёзи аввалияро ҳамарӯза дар бозорҳои соҳа ба роҳ мондааст. Шумораи бозорҳои соҳа 63 адад буда, дар онҳо 23 ҳазор шаҳрванд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Зикр гардид, ки дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 адад анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 адад сардхона барои нигоҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд.

Дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои муайяншуда ва ҷойҳои таъингардида, аз ҷумла дар арафаи Соли нави мелодии 2023, Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон ва арафаи иди Қурбон, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил карда шуд. Ғайр аз он, ташкилоту хоҷагиҳои соҳа дар ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулот, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳои калони аҳолинишин ташкил гардидааст, фаъолият мекунанд.

Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 таҳти №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» қарор ва нақшаи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қабул гардида, анбору сардхонаҳо то оғози мавсими захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»