Муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ, ки 6-уми феврали соли 2023 баргузор гардид, зикр кард, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 1625 тонна пиёз, картошка — 680, сабзӣ — 100 ва 300 тонна мева захира карда шудааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар 97 миллион сомонӣ даромад гирифта шуда, ба буҷети мамлакат 30 миллион сомонӣ андоз пардохт гардид.
Ҳоло шумораи бозорҳо ба 64 адад расида, 34 – то бозори ҳаррӯза, 20 бозори дар як ҳафта як рӯз фаъолиятдошта, 10 бозори чорво мебошанд.
Дар давраи мавриди назар барои корҳои сохтмонӣ, ободонию навсозӣ, таъмири бинову иншоот ва хариди воситаҳои асосӣ 12,9 миллион сомонӣ, баистифодадиҳии бозорҳои марказии ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияи Файзобод — 1,1 миллион сомонӣ, Муъминобод — 282 ҳазор сомонӣ, Носири Хисрав — 439, 1 ҳазор сомонӣ харҷ шуд.
- Барои таъмири биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 538,3 ҳазор сомонӣ, литсейи назди донишгоҳ — 109,5, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд 3,6 миллион сомонӣ ва барои ободонии дигар ташкилоту корхонаҳои соҳа 1, 2 миллион сомонӣ масраф гардид, — афзуд номбурда.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»